速報APP / 圖書與參考資源 / Ислом ва тиҷорат

Ислом ва тиҷорат

價格:免費

更新日期:2018-06-27

檔案大小:2.8M

目前版本:3.0

版本需求:Android 4.0.3 以上版本

官方網站:mailto:bekmuhamads@gmail.com

Email:https://beksoft.blogspot.com/p/privacy-policy-info-apps-built-app-as_98.html

Ислом ва тиҷорат(圖1)-速報App

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Ҳамди беҳад, санои беаъдо,

Бар Худое, ки нури имон дод.

Ислом ва тиҷорат(圖2)-速報App

Ғофир асту, Раҳиму Раҳмон аст,

Пок аз айбу ширку нуқсон аст.

Салавоти Худо ҳар соат,

Ислом ва тиҷорат(圖3)-速報App

Ба расуле, ки ҳаст зудтоат.

Номи покаш Муҳаммади арабӣ,

Раҳнамояндаи бузургу сабӣ.

Ислом ва тиҷорат(圖4)-速報App

Аммо баъд,

Инсон ин махлуқи баргузида аз ҷониби Аллоҳ (ҷ) ва муташаккил аз рӯҳу ҷисм беҳуда офарида нашудааст, балки ба хотири ҳадафи воло ва шариф, қи ҳамон ибодату бандагӣ мебошад, халқ шудааст.

Ҳамчунин барои иҷрои шариати илоҳӣ дар зиндагияш ва саъй дар ҷиҳати ҷалби ризояти Аллоҳ (ҷ), ки ӯро ғарқ дар неъматҳои бешумори кӯчаку бузургаш гардонида, офарида шудааст. Аммо агар неъматҳо дар ростои ризояти Парвардигор ба кор гирифта нашавад ва дар роҳи маъсияти Аллоҳ (ҷ) истифода шавад, ниёз ба тавбаву бозгашт аст, то пас аз он шахси тавбакунанда бидонад, ки чӣ қадар назди Худованди мутаол боарзиш аст ва ба мизони муҳаббати Парвардигор нисбат ба бандае, ки ба сӯи ӯ боз мегардад ва ҷиҳати касби ризояташ талош мекунад, пай бибарад.

Ислом ва тиҷорат(圖5)-速報App

Китоби мазкур ба муносибати 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин бо мақсади ҷорӣ намудани хизматрасонии наву ҳозиразамони бонкӣ дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2010 оиди тақия ва татбиқ гардидани низоми Бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия гардида, барои мутолиаи омма пешбинӣ мегардад. Чун маҳз дар ҳамин даврони истиқлолият имконияти васеъи нашри маводҳо мувофиқи шариати Ислом фароҳам гардид.

Аз фурсат истифода бурда, ба он шахсони барӯманде, ки дар нашри китоб саҳми арзандаи худро дареғ надоштанд, миннатдорӣ изҳор менамоям ва аз Аллоҳ (ҷ) саодатмандии ҳарду оламро барояшон хоҳонам.

Ислом ва тиҷорат(圖6)-速報App